Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як ҷуфтро дар Покистон то пулис бараҳна бурдаанд


Чанд пулиси покистонӣ бо ҷурми дар маърази омм намоиш додани як ҷуфти бараҳна тавқиф шудаанд. Ба гуфтаи шоҳидон, пулис дар минтақаи Гамбати вилояти Синд як марду занро ҳамчун муҷозоти алоқаи берун аз никоҳи онҳо маҷбур кардаанд, ки то идораи пулис бараҳна бираванд. Наворҳои сабтшуда дар телефонҳои мобил ҳокист, ки пулис марди бараҳнаро мекӯбад ва зан онҳоро зорӣ мекунад, ки иҷоза бидиҳанд, то баданашро пӯшад. Ин ҷуфт бо ҷурми “қасди зино” боздошт шуда, марди дахил бо номи Мумтоз Мирбаҳор дар ивази пули гарав раҳо ёфтааст, вале зан ҳамчунон дар боздошт қарор дорад. Ин қазия хашми ҷомиаро дар Покистон барангехтааст.
XS
SM
MD
LG