Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯёрӯии хунини чирикиҳои курд бо артиши Туркия


Ба гуфтаи як мақоми маҳаллӣ, имрӯз дар як даргирии байни нирӯҳои Туркия ва чирикиҳои курд 19 кас кушта шуд. Волии Ҳаккорӣ Орҳан Олимуғлу гуфт, дар ҷараёни шабехуни чирикиҳо ба як посгоҳи артиш дар ин вилояти ҷанубушарқии ҳаммарз бо Ироқ 6 сарбоз, 2 посбони русто ва 11 чирикии курд кушта шуданд. 15 сарбози дигар дар ин набард ҷароҳат бардоштаанд. Чунин ҳамлаҳо боис шуд, ки артиши Туркия 2 ҳафта пеш амалиёти густарда алайҳи пойгоҳҳои ҳизби коргарии Курдистонро дар ин минтақа оғоз кунад. Аз соли 1984 ба ин сӯ, рӯёрӯиҳои чирикиҳои курд бо артиши Туркия ҳудуди 45 000 кушта ба ҷо гузоштааст.
XS
SM
MD
LG