Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати муовини фармондеҳи ОМОН дар Хоруғ


Афсари ОМОН, ки ҷанозаашро ахиран аз соҳили афғонистонии рӯди Панҷ ёфтанд, бино ба хабари ИТАР-ТАСС, муовини фармондеҳи ин воҳиди вижаи пулиси Тоҷикистон подполковник Фаррух Зарипов будааст. Мақомот то кунун ҳалокати 17 тан аз нирӯҳои давлатиро дар амалиёти Хоруғ тасдиқ карда буданд ва ҷанозаи Зарипов ин шуморро ба 18 нафар мерасонад. Амалиёти Хоруғ субҳи 24 июл, бо талаби ба мақомот супурдани 4 гумонбар дар қатли генерал Абдулло Назаров оғоз ёфт ва баъди ҳалокати даҳҳо нафар дар маркази Бадахшон оташбас эълон шуд, ки то ҳол идома дорад.
XS
SM
MD
LG