Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги мармузи як мансабдори собиқи гурҷӣ


Ҷасади муовини собиқи вазири хориҷаи Гурҷистон Георгий Гомиашвилиро рӯзи ҷумъа аз манзилаш дар Тифлис пайдо кардаанд. Ҷузъиёти зиёди ҳодиса дастрас нест, вале муфаттишон фарзияи худкуширо низ истисно намекунанд. Георгий Гомиашвилӣ набераи ҳунарманди фақиди гурҷӣ Арчил Гомиашвилист, ки бо иҷрои нақши Остап Бендер дар яке аз филмҳои “12 курсӣ” ном бароварда буд. Ӯ дар соли 2005 чанд моҳ муовини вазири хориҷаи Гурҷистон буд, вале баъди тарки мақом ба тиҷорат рӯ овард ва фаъолияти сиёсӣ надошт.
XS
SM
MD
LG