Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лондон-2012: ИМА ба ҷойи аввал баромад


Дар Лондон рӯзи ҳафтуми мусобиқот барои медалҳои Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ поён ёфт.

Аз рӯи натиҷагирии ҳафт рӯзи мусобиқот варзишгарони 54 кишвар барандагони медалҳои олимпӣ шуданд. Дар ҳисоби умумидастаӣ Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 43 медал – 21 тилло, 10 нуқра ва 12 биринҷӣ ба ҷойи аввал баромад.

Чин бо касби 42 медал - 20 тилло, 13 нуқра ва 9 биринҷӣ дар мақоми дувум аст. Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 16 медал - 9 тилло, 2 нуқра ва 5 биринҷӣ дар ҷои севум мебошад.

Умуман, варзишгарони 27 кишвар дар ҳафт рӯзи мусобиқот ба унвони қаҳрамони Олимпиадаи Лондон мушарраф гаштанд. Ба ғайр аз ИМА,Чин ва Кореяи Ҷанубӣ, Бритониёи Кабир ва Фаронса 8-тоӣ нишони тилло, Олмон 5 медали тилло, Италия, Кореяи Шимолӣ ва Қазоқистон ҳар кадом 4 медали тилло, Русия, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ва Зеландияи Нав ҳар кадом 3 медали тилло, Ҷопон, Куба, Нидерланд, Маҷористон, Лаҳистон ва Украина ҳар кадом 2 медали тилло, Австралия, Руминия, Бразилия, Балорус, Словения, Литва, Эфиопия, Гурҷистон ва Венесуэла ҳар кадом як медали тилло ба даст овардаанд.

Дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ Қазоқистон бо 4 медали тилло дар ҷойи аввал аст. Русия бо 3 медали тилло, 12 нуқра ва 8 биринҷӣ дувум мебошад. Украина 2 медали тилло ва 4 биринҷӣ, Беларус 1 медали тилло, 1 нуқра ва 2 нишони биринҷӣ, Гурҷистон ва Литва яктоӣ медали тилло гирифтаанд. Молдова, Озарбойҷон ва Узбакистон ҳар кадом як медали биринҷӣ доранд. Вале Арманистон, Қирғизистон, Латвия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Эстония то ҳоло дар Олимпиадаи Лондон соҳиби медал нашудаанд.

Тоҷикистонро дар Бозиҳои сивуми тобистонаи олимпӣ дар Лондон 16 варзишгар дар ҳафт ришта - бокс, варзиши сабук, гуштии озод, дзюдо, таэквандо, тирандозӣ ва шиноварӣ намояндагӣ мекунанд. Вале то имрӯз ҳафт нафари онҳо – тирандоз Сергей Бабиков, муштзанҳо Собирҷон Назаров, Ҷаҳон Қурбонов ва Анвар Юнусов, дзюдочиён Расул Боқиев ва Парвиз Собиров, шиновар Катерина Измайлова аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд.

Боз 9 варзишгари тоҷик дар риштаҳои варзиши сабук, бокс, таеквондо ва гуштии озод рақобат хоҳанд кард. Коршиносон аз муштзан Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон дар вазни то 60 кило, гурзандоз Дилшод Назаров, ки барои бори севум дар Бозиҳои олимпӣ ширкат меварзад ва гуштигир Юсуф Абдусаломов, барандаи медали нуқраи Олимпиадаи Пекин дар риштаи гуштии озод дар вазни то 84 кило, натиҷаҳои баландро чашмдоранд.

Тақвими мусобиқоти варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Лондон:

6-уми август
Варзиши сабук. 00.20. Дилшод Назаров (гурзандозӣ, финал).
Бокс. 19.15. Мавзуна Чориева (то 60 кг, 1/4 финал).
Варзиши сабук. 23.20. Владислава Овчаренко (200 м, занон, даври 1-ум).

10-уми август
Таэквондо. 13.15. Фарҳод Неъматов (то 80кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 17.00. Николай Ноев (то 55 кг, 1/8 финал).

11-уми август
Таэквондо. 13.15. Алишер Гулов (+80 кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 17.30. Юсуф Абдусаломов (то 84 кг, 1/8 финал).

12-уми август
Гуштии озод. 13.00. Зелимхон Юсуфов (то 66 кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 13.00. Искандари Рустам (то 96 кг, 1/8 финал).

Эзоҳ: Замони оғози мусобиқот ба вақти Душанбе аст.
XS
SM
MD
LG