Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Русияву Чин аз қатъномаи Маҷмаъи умумӣ


Русияву Чин мегӯянд, қатъномаи нави Маҷмаъи умумии СММ талошҳо барои даст ёфтан ба сулҳ дар Сурияро замин мекунад. Ин қатънома, ки аз сӯи Арабистони Саудия таҳия шуда, ҳам Шӯрои Амнияти СММ ва ҳам давлати Башор Асадро интиқод мекунад, рӯзи ҷумъа бо 133 раъйи мувофиқ дар муқобили ҳамагӣ 12 раъйи муқобил тасвиб шуд. Русияву Чин, ки дар Шӯрои Амният аз чандин талоши эъмоли таҳримот алайҳи Димишқ пешгирӣ кардаанд, ба ин қарор низ раъйи мухолиф доданд. Маскав гуфт, қатънома “ошкоро аз мухолифони мусаллаҳ ҳимоят мекунад.” Пекин гуфт, фишор алайҳи танҳо давлати Сурия “мунҷар ба густариши буҳрон ба дигар кишварҳои минтақа хоҳад шуд.” Ба ҳисоби СММ, тайи 17 моҳи ошӯбҳои Сурия тақрибан 19 000 нафар ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG