Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

42 тоҷик шаҳрвандии Русияро ғайриқонунӣ гирифтаанд


Алайҳи 3 маъмури Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар вилояти Ростов бо иттиҳоми таҳияи асноди ҷаълӣ парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Тафтишот мегӯяд, ин 3 мақом дар шаҳри Морозовск ва рустои Обливск аз моҳи январ то сентябри соли 2011бар пояи асноди тақаллубӣ ба 42 шаҳрванди Тоҷикистон шиносномаи Русия додаанд. Шумори муҳоҷирони тоҷик дар Русия беш аз 1 миллион нафар баровард мешавад, ки то 15 дарсадаш алакай шаҳрвандии Русияро гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG