Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи 4-уми август дар Хоруғ шанбегӣ эълон шудааст


Ҳукумати шаҳри Хоруғ рӯзи шанберо барои сокинони ҳамчун рӯзи корӣ эълон кардааст ва мардумро даъват намудааст, ки барои ободонии шаҳр дар ин рӯз саҳм бигиранд. Як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Хоруғ ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки ҳоло вазъ дар шаҳр ором аст, вале осори харобиҳои рӯзҳое ки амалиёти низомӣ сурат гирифта буд, хеле рӯшан ба назар мерасад. Ба иттилои ҳукумати шаҳри Хоруғ, ҳоло ҳамаи афроде, ки дар таърихи 24 июл бо оғози амалиёти низомӣ манзилҳои зисти худро тарк кардаанд, дубора баргаштанд.
XS
SM
MD
LG