Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Айёмбеков ва Мамадасламов қарзи "Амонатбонк"-ро барнагардондаанд


Торнамои интернетии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Қирғизистон навиштааст, ки Толиб Айёмбеков ва Ёдгор Мамадасламов-фармондеҳони саҳроии Бадахшон барои боз нагардонидани қарзи худ ба “Амонатбонк”-и Тоҷикистон низ гунаҳгор эълон шудаанд.

Онҳо аз 250 то 300 ҳазор доллар аз ин бонк қарз гирифтаанд ва тибқи қарордод бояд дар давоми 5 сол ин маблағро ба бонк бармегардониданд.

Қаблан ин ду фармондеҳро барои қочоқи маводи мухаддир, ташкили гуруҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, қочоқи сангҳои гаронбаҳову сигор муттаҳам карда буданд. Айёмбеков дар қатли генерал Абдулло Назаров низ гунаҳгор эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG