Дар Яман муҳофизи сафорати Италия Алессандро Спадотто аз дасти одамрабоён раҳо карда шуд. Ӯ рӯзи якшанбе дар шаҳри Санъо, дар маҳаллаи наздик ба сафорат аз сӯи афроди ношинос рабуда шуда буд.
Рӯзи панҷшанбе баъд аз музокироти мақомоти Яман бо одамрабоён Спадотто ба волии вилояти Маариб супурда шуд. Ӯ осеб надидааст. Хабар дода мешавад, ки ҳукумат бархе аз талабҳои одамрабоёнро иҷро кардааст. Одамрабоёни мусаллаҳ хостори қатъи таъқиби ҷиноии онҳо ва баргардонидани заминҳои қаблан ғайриқонунӣ аз дасташон гирифта шуда буданд.
Ҳодисаҳои рабудани хориҷиён дар Яман зиёд рӯх медиҳанд.