Вошингтон Русияву Чинро дар он айбдор кард, ки ба истеъфои Кофӣ Аннон, фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеъаи кишварҳои араб дар умури Сурия, мусоидат карданд.
Аннон рӯзи панҷшанбе эълом дошт, ки баъд аз хатми мандаташ дар охири моҳи август онро тамдид нахоҳад кард. Ӯ гуфт, аз ҷонибдорие, ки ҳалли мушкили Сурия ба он зарурат дорад, бархурдор набуд. Намояндаи Кохи Сафед Ҷей Карнӣ изҳор намуд, ки аз сӯи Маскаву Пекин пуштибонӣ нашудани қатъномаҳо алайҳи режими Димишқ боис ба бунбасти дипломатӣ гардад.
Дар навбати худ Виталий Чуркин, намояндаи Русия дар СММ, истеъфои Аннонро бо он марбут кард, ки талошҳояш барои ҷилавгирӣ аз идомаи хушунат дар Сурия бар асари муқовимати “бархе аз аъзои бонуфузи ҷомеъаи ҷаҳонӣ” ноком шуданд.
Дар ҳамин ҳол дар бораи идомаи даргириҳо миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифини мусаллаҳ дар шаҳри Ҳалаби Сурия хабар мерасад. Ошӯбгарон мегӯянд, ки тақрибан нисфи шаҳрро таҳти назорат доранд ва аммо ин иттилоъ аз сӯи дигар манбаъҳо тайид нашудааст.
Ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқи башар, шабонарӯзи гузашта дар Сурия дасти кам 67 нафар, аз ҷумла 36 сокини осоишта, ба ҳалокат расиданд.