Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои фарҳангии Тоҷикистону Амрико ташкил шуд


Дафтари матбуотии вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст, ки дар шаҳри Фейрфакси аёлати Вирҷинияи Амрико маросими гушоиши “Шӯрои фарҳангии Тоҷикистону Амрико” баргузор шудааст.

Ин як созмони иҷтимоиву фарҳангист ва дар он шаҳрвандони пешини Тоҷикистон, соҳибкорону донишҷӯён узвият доранд. Ин марказ ба қишрҳои мухталифи ҷомеаи Амрико таъриху фарҳанги мардуми тоҷикро муаррифӣ мекунад ва барои таҳкими робитаҳои илмиву фарҳангии Тоҷикистон бо Амрико ва таҳияи кӯмакҳои башардӯстона ба мактабҳо ва парваришгоҳҳои Тоҷикистон ёрӣ мерасонад.
XS
SM
MD
LG