Рӯзи панҷшанбе вазорати адлияи Русия Ҳизби Мардумии Озодихоҳи ин кишварро сабти ном кард. Ин ҳизб дар Русия дар шакли мухаффафи ПАРНАС маъруф аст. Бо вуҷуди ин, ки ин ҳизб сабти ном нашуда буд, вале аз декабри соли 2010 фаъолиятҳои сисёсиашро идома медиҳад.
Ин ҳизбҳро Михаил Касянов-нахуствазири пешин, Борис Немтсов-муовини нахуствазири пешин ва сиёсатмадорон Владимир Милов ва Владимир Рижков ташкил карда буданд.
Вазорати адлия то ҳол ин ҳизбро ба сабабҳои “ба ҳам мутобиқ набудани моддаҳои асосномааш ва баъзе асноди дигар” сабти ном намекард. Акнун ҳизби мазкур бо номи Ҳизби Ҷумҳурихоҳи Русия-Ҳизби мардумии Озодихоҳ сабти ном шуд.