Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгарони 49 кишвар – барандагони медалҳои олимпӣ


Дар Лондон рӯзи панҷуми мусобиқот барои медалҳои Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ поён ёфт.

Аз рӯи натиҷагирии панҷ рӯзи мусобиқот варзишгарони 49 кишвар барандагони медалҳои олимпӣ шуданд. Дар ҳисоби умумидастаӣ мисли пешин Чин бо касби 30 медал - 17 тилло, 9 нуқра ва 4 биринҷӣ дар мақоми аввал аст. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 29 медал – 12 тилло, 8 нуқра ва 9 биринҷӣ дар ҷойи дувум қарор дорад. Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 12 медал - 6 тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ дар ҷои севум мебошад.

Умуман, варзишгарони 22 кишвар дар панҷ рӯзи мусобиқот ба унвони қаҳрамони Олимпиадаи Лондон мушарраф гаштанд. Ба ғайр аз Чин, ИМА ва Кореяи Ҷанубӣ, Фаронса 5 нишони тилло, Кореяи Шимолӣ 4 медали тилло, Олмон, Италия ва Қазоқистон ҳар кадом 3 медали тилло, Ҷопон, Русия, Бритониёи Кабир, Маҷористон, Украина ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ҳар кадом 2 медали тилло, Австралия, Руминия, Бразилия, Нидерланд, Гурҷистон, Литва, Словения ва Венесуэла ҳар кадом як медали тилло ба даст оварданд.

Дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ Қазоқистон бо 3 медали тилло пешқадам аст. Русия 2 медали тилло, 4 нуқра ва 5 биринҷӣ дорад. Украина 2 медали тилло ва 4 биринҷӣ, Гурҷистон ва Литва яктоӣ медали тилло гирифтаанд. Беларус, Молдова, Озарбойҷон ва Узбакистон ҳар кадом як медали биринҷӣ доранд. Вале Арманистон, Қирғизистон, Латвия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Эстония то ҳоло дар Олимпиадаи Лондон соҳиби медал нашудаанд.

Тоҷикистонро дар Бозиҳои сивуми тобистонаи олимпӣ дар Лондон 16 варзишгар дар ҳафт ришта - бокс, варзиши сабук, гуштии озод, дзюдо, таэквандо, тирандозӣ ва шиноварӣ намояндагӣ мекунанд.
Вале то имрӯз шаш нафари онҳо – тирандоз Сергей Бабиков, муштзанҳо Собирҷон Назаров, Ҷаҳон Қурбонов ва Анвар Юнусов, дзюдочиён Расул Боқиев ва Парвиз Собиров аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд.

Сергей Бабиков дар сабқати тирандозӣ аз туфангчаи пневматикӣ ба масофаи 10 метр бо 562 имтиёз мақоми 44-умро касб кард.

Дар сабқати бокс дар даври муқаддамотӣ Собирҷон Назаров дар вазни то 75 кило аз рақибаш Муҷанҷие Касуто (аз Намибия) аз рӯи имтиёз бо ҳисоби 8:11 ва Ҷаҳон Қурбонов дар вазни то 81 кило аз Яҳё Элмекачари (аз Тунис) бо ҳисоби 8:16 шикаст хӯрданд ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гаштанд.

Анвар Юнусов, ки сабқатро дар вазни то 56 килограмм аз даври ҳаштякниҳоӣ шурӯъ кард, дар нахустин қувваозмоияш аз Оскар Валдеси мексикоӣ бо ҳисоби 7:13 мағлуб гашт ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои медали олимпӣ маҳрум шуд. Вале коршиносон аз ин муштзани маъруфи тоҷик, ки барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон ва қаҳрамони Осиё мебошад, дар Олимпиадаи Лондон пирӯзиро чашмдор буданд.

Расул Боқиев, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Пекин-2008, дар вазни то 73 кило дар риштаи дзюдо нахуст бар Даниэл Виллямс (аз Бритониёи Кабир) ва баъдан бар паҳлавони узбак Наврӯз Ҷӯрақобилов ғалабаи соф ба даст овард. Вале дар даври чаҳорякниҳоӣ аз Рики Накаяи ҷопонӣ, сипас барои нишони биринҷӣ аз Уго Легранди фаронсавӣ шикаст хӯрд ва дар натиҷа мақоми ҳафтумро касб кард.
Парвиз Собиров дар сабқати дзюдо дар вазни то 90 кило дар даври муқаддамотӣ аз Роберто Мелонии итолиёвӣ шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.
Боз 10 варзишгари тоҷик дар риштаҳои варзиши сабук, бокс, шиноварӣ, таеквондо ва гуштии озод рақобат хоҳанд кард.

Коршиносон аз муштзан Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон дар вазни то 60 кило, гурзандоз Дилшод Назаров, ки барои бори севум дар Бозиҳои олимпӣ ширкат меварзад ва гуштигир Юсуф Абдусаломов, барандаи медали нуқраи Олимпиадаи Пекин дар риштаи гуштии озод дар вазни то 84 кило, натиҷаҳои баландро чашмдоранд.

Тақвими мусобиқоти варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Лондон:

3-юми август
Варзиши сабук. 15.20. Дилшод Назаров (гурзандозӣ, сабқати интихобӣ).
Шиноварӣ. 14.00. Катерина Измайлова (50 м, тарзи озод, сабқати интихобӣ).

6-уми август
Бокс. 19.15. Мавзуна Чориева (то 60 кг, 1/4 финал).
Варзиши сабук. 23.20. Владислава Овчаренко (200 м, занон, даври 1-ум).

10-уми август
Таэквондо. 13.15. Фарҳод Неъматов (то 80кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 17.00. Николай Ноев (то 55 кг, 1/8 финал).

11-уми август
Таэквондо. 13.15. Алишер Гулов (+80 кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 17.30. Юсуф Абдусаломов (то 84 кг, 1/8 финал).

12-уми август
Гуштии озод. 13.00. Зелимхон Юсуфов (то 66 кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 13.00. Искандари Рустам (то 96 кг, 1/8 финал).

Эзоҳ: Замони оғози мусобиқот ба вақти Душанбе аст.
XS
SM
MD
LG