Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мансур Исоев - ғолиби Олимпиада 1 млн 125 000 доллар мегирад


Мансур Исоев, қаҳрамони Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ, бо як миллиону 125 ҳазор доллари амрикоӣ ва мошини сабукрав мукофотонида мешавад.

Мансур Исоев, паҳлавони русиягӣ, ки 23-юми сентябри соли 1986 дар Доғистон ба дунё омадааст, дар Олимпиадаи Лондон дар сабқати дзюдо дар вазни то 73 кг мақоми аввалро касб кард ва бо медали тилло сарфароз шуд.

Ӯ дар даври ниҳоӣ бар Рики Накая (Ҷопон) ғолиб омад. Дар воқеъ, Расул Боқиев, паҳлавони тоҷик, дар даври чаҳорякниҳоӣ аз Рики Накая шикаст хӯрда буд.

Ба Мансур Исоев ҳукумати Русия барои нишони тиллои олимпӣ 125 ҳазор доллар ва мошини сабукрав хоҳад дод. Губернатор ё волии Челябинск Михаил Юревич ба ҳар варзишгар аз ин вилоят, ки аз Лондон бо нишони тилло бармегардад, 1 миллион доллар ваъдаи ҷоиза додааст. Мансур дар Челябинск ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG