Конгресси ИМА бахши навбатии таҳримҳо алайҳи Теҳрон дар робита ба барномаи ҳастаии Эронро пазируфт. Аз ин санад аъзои Сенат якдилона пуштибонӣ карданд, Маҷлиси намояндагон бошад бо аксари оро тарҳеро, ки ширкатҳои ҳамкор бо Эрон дар бахшҳои энерҷӣ, молиявӣ ва ҳамлу нақлро таҳрим мекунад, қабул кард.
Гуфта мешавад, ки аз ин баъд ҳамкорӣ бо Эрон дар бахши кашфи уран, хариду фурӯши киштиҳои бузург барои интиқоли нафт, ҳамкорӣ бо ширкатҳои нафтии Эрон мамнӯъ аст. Ин санад барои имзо ба раисиҷумҳур Барак Обама пешниҳод шуд.
Эрон мегӯяд, ки барномаи ҳастаияш аҳдофи осоишта дорад, аммо ИМА ва ҳампаймонҳояш Теҳронро дар талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ айбдор мекунанд.