Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори нави Панетта ба Эрон


Леон Панетта дар Ашкелон
Леон Панетта дар Ашкелон
Вазири дифоъи Амрико Леон Панетта имрӯз зимни боздид аз як шабакаи зиддимушакии Исроил дар Ашкелон Эронро ҳушдор дод, ки агар аз талошаш барои соҳиб шудан ба силоҳҳои ҳастаӣ даст накашад, “тамоми роҳҳо”, бо шумули нерӯи низомӣ, барои манъи Теҳрон аз ин роҳ дар дастури кор боқӣ мемонад. Панетта гуфт: ”Раисиҷумҳур Обама рӯшан кардааст, ки пешгирӣ аз Эрони соҳиби силоҳи ҳастаӣ дар авлавияти манофеъи миллии Амрико қарор дорад ва тамоми роҳҳо баррасӣ мешаванд.”
Ҳамтоии исроилии ӯ Эҳуд Барак гуфт, ӯ хеле баъид медонад, ки таҳримоти Ғарб алайҳи Эрон битавонад Теҳронро аз таъқиби фаъолиятҳои ҳастаӣ манъ кунад. Панетта гуфт, бо сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу роҳҳои посух ба Эрони соҳиби силоҳҳои ҳастаиро баррасӣ хоҳад кард, вале ин баҳс ҳамлаи эҳтимолӣ алайҳи Теҳронро дар бар намегирад.
XS
SM
MD
LG