Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвиз Собиров ҳам дар Лондон шикаст хӯрд


Лаҳзае аз рақобати Парвиз Собиров бо Роберто Мелонӣ дар Лондон
Лаҳзае аз рақобати Парвиз Собиров бо Роберто Мелонӣ дар Лондон
Гуштигири тоҷик Парвиз Собиров дар бозиҳои олимпии Лондон ҳанӯз дар даври аввал шикаст хӯрд. Ӯ дар вазни то 90 кило дар сабқати гуштии дзюдо бо Роберто Мелонӣ аз Итолиё вориди рақобат шуда буд. Парвиз Собиров ба ин тартиб, панҷумин варзишкори тоҷик аст, ки аз Лондон дасти холӣ бармегардад. То имрӯз тирандоз Сергей Бабиков, муштзанон Соҳибҷон Назаров ва Ҷаҳон Қурбонов ва дзюдочии дигари тоҷик Расул Боқиев дар Лондон мағлуб шуданд. Тоҷикистонро дар Олимпиада дар маҷмӯъ 16 варзишгар намояндагӣ мекунанд ва шоми имрӯз муштзани дигари тоҷик Анвар Юнусов барои касби медалҳои олимпӣ дар Лондон ба ринг хоҳад баромад.
XS
SM
MD
LG