Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи СМС ва ММС дар Узбакистон барои ним рӯз


Ширкатҳои мобилии Узбакистон рӯзи 1 август аз субҳ то пешин интиқоли СМС ва ММС-ро «ба хотири анҷоми корҳои профилактикӣ» қатъ карданд. Вале сомонаҳои узбакӣ мегӯянд, дар Узбакистон одатан бо қатъи ин навъи хадамот аз “кумаки беруна” ба дохилшавандагон пешгирӣ мекунанд. Довталабон қаблан кӯшиш мекарданд, то посухи суолҳои имтиҳонро тавассути телефони мобил аз дӯстони худ дарёфт кунанд. Имрӯз рӯзи имтиҳонҳои дохилшавӣ ба макотиби олии Узбакистон буд.
XS
SM
MD
LG