Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навалний бо ташкили дуздии пул муттаҳам шуд


 Алексей Навалний
Алексей Навалний
Мақомоти Русия пешвои мухолифини ин кишвар блогнавис Алексей Навалнийро бо ташкили дуздии маблағ аз муассисаи коркарди чӯб муттаҳам намуда, ба ӯ дастур додаанд, ки Маскваро тарк накунад.
Рӯзи сешанбе аснои зиёрат аз Кумитаи тафтишот Навалний бо ин дастур ошно шуд. Мақомоти Русия таҳқиқи дубораи ин парвандаро, ки ду сол пеш бар зидди Навалний боз карда буданд, амр додаанд.
Муфаттишон бар ин назаранд, ки дар моҳҳои апрел-августи соли 2009-ум ба шарофати амалҳои Навалний муассисаи коркарди чӯби вилояти Киров беш аз як миллион рубли русӣ ё худ наздик ба 31 ҳазор доллар зиён дид.
Навалнийи 36-сола он замон мушовири волии вилояти Киров буд.
Агар гуноҳи ӯ собит шавад, Навалний метавонад ба муддати даҳ сол зиндонӣ шавад. Навалний айбномаро комилан беасос номидааст.
XS
SM
MD
LG