Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бадахшон 200 мил силоҳро ба замин гузоштанд


Халъи силоҳи довталабона дар Бадахшон
Халъи силоҳи довталабона дар Бадахшон
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар чорчӯби созиши оташбас гурӯҳҳои ғайриқонунӣ довталабона тахминан 200 мил силоҳро ба замин гузоштанд. Ҳафтаи гузашта бар асари бархӯрдҳои нерӯҳои ҳукумат бо гурӯҳҳои силоҳбадаст дар вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон камаш 70 нафар ба ҳалокат расиданд. Ҳукумати Тоҷикистон ба силоҳбадастон ваъда додааст, ки агар силоҳашонро супоранд, мавриди афв қарор мегиранд. Ҳамчунон ҳукумати талаб кардааст, ки чор фарди муттаҳам дар куштори генерал Назаров –сарвари раёсати Кум итаи давлатии амнияти миллӣ дар Бадахшон ба давлат таслим шаванд.
XS
SM
MD
LG