Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвози ҳавопаймои мусофирбар ба Хоруғ


Субҳи сешанбе ҳавопаймои АН-28-и мусофирбар, ки ба ширкати «Тоҷикайр» мансуб мебошад, ҳомили мусофирон ба самти Хоруғ парвоз кард. Лола Кенҷаева, сухангӯи Дафтари матбуоти ширкати «Тоҷикайр» 31-уми июл ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки субҳи имрӯз ҳавопаймо ба тарафи Хоруғ ҳаракат кард. Вай афзуд, ки тайи чанд рӯзи ахир бинобар нооромиҳо дар Хоруғ мусофирон бим доштанд ва аз парвоз ба Хоруғ худдорӣ мекарданд. Ҳоло бо маъмулӣ шудани вазъ дар Бадахшон хоҳишмандон бештар шуданд ва ҳавопаймо ба самти Хоруғ ҳаракат кард. Бар рӯи хатсайри Душанбе - Хоруғ дар рӯз як маротиба ҳавопаймо ҳаракат мекунад.
XS
SM
MD
LG