Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусавӣ ва Карубӣ дар ҳабси хонагӣ боқӣ мемонанд


Раҳбарони мухолифини Эрон Мирҳусейни Мусавӣ ва Меҳдии Карубӣ таҳти ҳабси хонагӣ боқӣ мемонанд.

Дар ин бора додситони кулли Эрон Ғуломҳусейн Муҳсини Эҷеӣ хабар дод ва ташреҳ кард, ки озодии онҳо таҳдид ва амнияти миллист.

Мусавӣ ҳамроҳ бо хонумаш ва Меҳдии Карубӣ аз моҳи феврали соли 2010 таҳти ҳабси хонагиянд. Ҳарду сиёсатмадор ҳукуматро барои саркӯбии намоишҳои эътирозӣ алайҳи тақаллуби натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2009 шадидан танқид карда буданд.
XS
SM
MD
LG