Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Хоруғ 200 мил силоҳро ба замин гузоштаанд


Бино бар иттилои чандин манбаъ, халъи силоҳи гурӯҳҳои ғайримасъул дар маркази вилояти Бадахшон идома дорад.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар чорчӯби созиши оташбас гурӯҳҳои ғайриқонунӣ довталабона тахминан 200 мил силоҳро ба замин гузоштанд. Ҳафтаи гузашта бар асари бархӯрдҳои нерӯҳои ҳукумат бо гурӯҳҳои силоҳбадаст дар вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон камаш 70 нафар ба ҳалокат расиданд.

Ҳукумати Тоҷикистон ба силоҳбадастон ваъда додааст, ки агар силоҳашонро супоранд, мавриди афв қарор мегиранд. Мақомот мегӯянд, халъи силоҳ дар фазои амну ором ҷараён дорад. Дар бораи вазъи Хоруғ сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Муҳаммадулло Асадуллоев, чунин гуфт: "Феълан дар Хоруғ вазъият ором аст, корҳои фаҳмондадиҳӣ идома дорад. Аллакай мардум шумораҳои зиёди яроқҳояшонро супоридаанд. Занони фаъоли шаҳри Хоруғ дар якҷоягӣ бо пешвоёни динӣ бо мардум кор мебаранд."

Ба гуфтаи сокинони деҳоти Тавдеми ноҳияи Роштқалъа, нерӯҳои ҳукуматӣ, ки тайи ду рӯз дар деҳаи Бодом қарор доштанд, ин мавзеъро тарк карданд. Ҳамчунин субҳи имрӯз (30-юми июл) ҳаракати нақлиёт дар роҳи Роштқалъа - Хоруғ аз сар гирифта шуд. Дар ҳамин масир мошини сабукраве кашф шуд, ки ба фармондеҳи яке аз гурӯҳҳо Толиб Айёмбеков тааллуқ дорад.

Пештар ҳадс зада мешуд, ки ӯ дар ҳамин мошин ба ҳалокат расидааст. Аммо манобеи амниятии вилоят мегӯяднд, ки Айёмбеков ҳамроҳи чанд тани дигар хатти марзро убур карда, ба Афғонистон гузаштаанд.

Муҳаммадулло Асадуллоев
Муҳаммадулло Асадуллоев
Дар чунин пасманзар гуфтушуниди миёни нерӯҳои давлатӣ ва гурӯҳҳои мусаллаҳ ҷараён дорад. Раҳбарии ҳайати гурӯҳи 20-нафарии миёнҷиро Қодири Қосим, раиси вилояти Бадахшон, бар ӯҳда дорад ва намояндагони сохторҳои қудратии шаҳри Хоруғ, шахсони бонуфузи минтақа, халифаҳо аз аъзои ин гурӯҳанд. Дирӯз (29-уми июл) ба ин гурӯҳ ҳамчунин намояндагони Бунёди Оғохон низ пайвастанд. Манбаи мӯътамади Радиои Озодӣ мегӯяд, "қароргоҳи асосии Шералӣ Хайруллоев вазири дифои Тоҷикистон дар қисми низомии марбут ба вазорати дифоъ воқеъ дар фурудгоҳ аст. Аксаран барои гуфтушунид гурӯҳҳо ба онҷо ва баъдан ба назди ҳукумат мераванд. Яъне гуфтушунидҳо бо ҳамин шева идома мекунад."

Гурӯҳи дигаре иборат аз намояндагони собиқадори мақомоти қудратӣ, ки бо супориши ҳукумат ва ба манзури мусоидат кардан ба ҳалли қазия аз пойтахти кишвар ба Хоруғ омадаанд, изҳор доштаанд, ки баъд аз омӯзиши авзоъ аллакай пешниҳодҳои худро ба ҳукумат ироа намудаанд. Ин гурӯҳ хостааст, бояд истифодаи ҳама гуна силоҳ бо ҳадафи хунсо намудани гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Хоруғ қатъ карда шавад ва ҳамчунин нерӯҳои низомӣ ва таъиноти махсус ба мавзеъҳои доимии буду бош баргарданд.

Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов
Дархости дигари ин ҳайат он аст, ки кӯдакон ва наврасоне, ки дар ҷараёни амалиёт осеби равонӣ гирифтаанд, ба фароғатгоҳҳо интиқол дода шаванд ва ҳамагуна мухобирот, аз ҷумла алоқаи мобилӣ ва интернет дар ин минтақа фаъол гардад.

Дар ҳамин ҳол, баъзе аз расонаҳо ба нақл аз Имомназар Имомназаров, яке аз раҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳ, навиштаанд, намояндагони ҳукумат ба онҳо ваъда додаанд, барои ҳаводиси ахири Хоруғ ҳамагӣ се нафар ба ҷавобгарӣ кашида шуда, боқии иштирокдорони амалиёт афв гарданд. Ба гуфтаи Имомназар Имомназаров, ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки Толиб Айёмбеков ва ду ҳамроҳаш, ки дар қатли генерал Абдулло Назаров муттаҳам мешаванд, ба ҷавобгарӣ кашида шуда, дигарон мавриди афв қарор хоҳанд гирифт.

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик, мегӯяд, ҳоло ҳарду ҷониб хуб дарк кардаанд, ки давоми ин муноқиша ба нафъи онҳо нест. Аз ин хотир, эҳтимол меравад, бо истифода аз заминаҳое, ки ҳоло ба вуҷуд омадаанд, миёни тарафҳо созиш ба амал меояд. Ҷаноби Муллоҷонов афзуд, "ҳарчанд то ҳол бинобар дастрасӣ надоштан ба маълумоти воқеӣ пешгӯӣ кардани дурнамои вазъият дар Бадахшон душвор аст, аммо заминаи асосӣ барои ҳалли мусолиматомези ин қазия аллакай гузошта шудааст.Аз ҷониби дигар ҷомеаи байналмилалӣ дар баробари ҷомеаи маҳаллӣ ин низоъро қабул надорад ва мутаносибан ҳеҷ аз ҷонибҳо аз ин муноқиша бурд намекунанд."

Халъи силоҳ яке аз шартҳоест, ки ҳукумати Тоҷикистон 25-уми июл пас аз як рӯзи даргирӣ пеши гурӯҳҳои мусаллаҳ гузошт. Он замон бо тақозои раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 25 то 28-уми июл оташбас эълон шуд ва барои гурӯҳҳои силоҳбадаст шароит фароҳам омад, ки яроқи худро супоранд.Ба гуфтаи масъулони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, то комилан мӯътадил шудани авзоъ дар Хоруғ ва дастгир нашудани омилони қатли генерал Назаров хуруҷи нерӯҳои ҳукуматӣ аз Бадахшон номумкин хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG