Дар Филиппин яке аз бунёдгузорони гурӯҳи “Абу Сайёф” дастгир шуд. Боздошти Устод Аҳмадсолеҳ Асмад Бадрон, ки ҳамчун Аммод ва Ҳамад Устоз Идрис ҳам маъруф аст, дар ҷазираҳои дурдасти ҷанубии Тавӣ-Тавӣ сурат гирифт.
“Абӯ Сайёф” солҳои навадум бо пуштибонии молии раҳбари “Ал-Қоида” Усома бин Лоден таъсис шудааст. Ин гурӯҳро масъули ҳамлаҳои террористии зиёд дар Филиппин мешуморанд.
Рӯзи якшанбе дар ҷазираи ҷанубии Басилан амалиёти низомӣ барои боздошти афроди мусаллаҳе, ки чаҳор рӯз пеш даҳ сарбозро кушта буданд, шурӯъ шуд. Дар амалиёт тақрибан 600 афсару сарбози ҳукуматӣ ширкат доранд.