Ҳукумати Олмон дар изҳороте мегӯяд, Ангела Меркел ва Марио Монтӣ-нахуствазирони Олмону Италия қавл додаанд, ки ҳамаи имконотро ба кор мебаранд, то кишварҳои гирифтори бӯҳрони қарз дар қаламрави пули евроро ҳимоят кунанд.
Сухангӯи нахуствазири Олмон гуфт, хонум Меркел рӯзи шанбе дар як гуфтугӯи телефонӣ бо Монтӣ дар ин бора ба тавофуқ расидаанд. Меркел Монтиро барои боздид ба Олмон даъват кардааст. Монтӣ розӣ шудааст, ки дар нимаи дуввуми моҳи август аз Олмон боздидашро ба нақша бигирад.