Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши вазорати хориҷаи Эрон ба ҳаводиси Бадахшон


Ромини Меҳмонпараст, сухангӯи вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон
Ромини Меҳмонпараст, сухангӯи вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон
Вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳаводиси ахир дар маркази вилояти Бадахшони Тоҷикистон, ки хисороти ҷониву молӣ дар пай дошт, "изҳори таассуф" кардааст.

Сухангӯи ин вазорат Ромини Меҳмонпараст гуфта, ки "умедворем, ҳаводиси ахир дар устон (вилоят)-и Бадахшони Тоҷикистон дар зудтарин вақт ва бо камтарин хисороти ҷониву молӣ хотима ёфта, амнияту оромиш идома ёбад."

Дар торнамои расмии вазорати умури хориҷии Эрон гуфта шудааст, ҳафтаи гузашта раиси Идораи амнияти Бадахшони Тоҷикистон ба дасти афроди ношинос кушта шуд. Ба дунболи ин ҳодиса нерӯҳои давлатӣ барои муқобала ва саркӯби муҳоҷимони мусаллаҳ бо онҳо даргир шуданд, ки ин иқдом боиси кушта ва захмӣ гардидани теъдоде аз нерӯҳои тарафайн ва идомаи даргириҳо шудааст.
XS
SM
MD
LG