Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби як гурӯҳ занони Хоруғ аз президент Раҳмон


Гурӯҳе аз занони Хоруғ ба раисиҷумҳур муроҷиат карда, хостори берун овардани нерӯҳои давлатӣ аз шаҳр шудаанд.

Як гурӯҳ аз сокинони шаҳри Хоруғ, ки бештари онҳо занонанд, дар назди бинои ҳукумати Бадахшон ба таҷаммӯи худ идома медиҳанд. Онҳо бо муроҷиат ба раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, талаб доранд, ки сарбозону нерӯҳои давлатӣ аз шаҳр хориҷ ва ба қароргоҳи доимияшон, яъне наздикии фурудгоҳ, баргардонида шаванд.

Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз бархе аз низомиён ва гурӯҳҳои таъйиноти махсус дар манзили шаҳрвандон ва биноҳои нотамом, воқеъ дар маҳаллаи Бизмич ва УПД, дар ҳолати дидбонӣ қарор доранд.

Ин аст, ки сокинон аз эҳтимоли рӯ задани ҳар гуна иғвову дасиса, ки метавонад вазъиятро боз ҳам муташанниҷ сохта, боис ба амалиёти дубораи низомӣ шавад, нигаронанд. Зеро дар натиҷаи амалиёти қаблии низомиён хисороти зиёди моливу ҷонӣ ба миён омада, сокинонро дар ҳолати тарсу ваҳм қарор додааст.

Аз давраи эълони оташбас то ба ҳол, се бор ҳодисаи тирпарронӣ ба вуқӯъ омада, дар яке аз ин ҳолатҳо низомиён ба манзили маскунии шаҳрвандон, аз ҷумла хонаводаи Гулиевҳо, воқеъ дар назди қароргоҳи доимии нерӯҳои ҳукуматӣ, даромадаанд.

Дар ҳамин ҳол, зимни муроҷиат ба Эмомалӣ Раҳмон, занони Хоруғ хостори ҷилавгирӣ аз эҳтимоли дубораи хунрезӣ шудаанд, ки дар натиҷаи он афроди мулкӣ ва низомӣ, ки ҳамаашон тоҷик ҳастанд, кушта шудаанд. Гузашта аз ин, як полковники мустаъфӣ пиёда намудани амалиёти густурдаи низомиро ба манзури боздошти гумонбарони қатли генерал Абдулло Назаров иштибоҳ номид. Вай гуфт, беҳтар аст, гумонбарон аз роҳи қонунӣ ҷустуҷӯ ва боздошту муҳокима мешуданд.

Ин ҳама дар ҳолест, ки расонаҳои давлатии Тоҷикистон бо пахши гузоришҳо аз Хоруғ вазъиятро ором арзёбӣ мекунанд. Расонаҳои давлатӣ мегӯянд, субот ба Хоруғ баргашта ва сокинон аз пайи зиндагии осудаи худанд.
XS
SM
MD
LG