Ҳудуди 25 созмони байнулмилаливу дохилии ҷомеаи шаҳрвандӣ аз раисҷумҳури Тоҷикистон хостори дигарбора шурӯъ накардани амалиёти низомӣ дар шаҳри Хоруғ ва атрофи он шудаанд.
Ин созмонҳо зимни муроҷиатномае аз раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин хостаанд, ки робитаи телефонӣ бо Бадахшон барқарор шавад, созмонҳои хайрия ба вилоят роҳ ёбанд, иттилоъ сареъ аз вазъи минтақа ба мардум дода шавад, ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳангоми бозпурсии боздоштшудагон ширкат кунад ва дастрасии наздикон ба иттилоъ дар бораи сарбозони захмӣ ва кушташуда таъмин шавад.
Муроҷиати созмонҳои хориҷӣ дар ҳолест, ки тибқи эълони пешакӣ аз 25-уми июл то имрӯз 28 июл бояд мӯҳлати оташбас ба охир расад. Ҳукумат аз гурӯҳҳои силоҳбадасти Бадахшон хоста буд, ки силоҳи худро биспоранд ва нафарони муҷрим дар марги генерал Абдулло Назаровро ба мақомот биспоранд. Аз рӯи иттилоъе, ки то ба ҳол дорем, гурӯҳҳои мусаллаҳ аз ҳукумат тақозо дорад, ки нерӯҳояшро аз вилоят берун кашад ва он гоҳ ҷонибҳо сари мизи музокирот нишинанд.
Ин созмонҳои хориҷӣ дар Булғористон, Украина, Албания, Қазоқистон, Молдова, Русия, Литва, Амрико ва дигар кишварҳо мустақаранд.