Хосе Мануэл Барросо, раиси Кумиссиёни Аврупо, аз ҳукумати Юнон хост, аҳдҳои додааш дар мавриди сарфаҷӯӣ аз буҷаи давлатиро бечунучаро иҷро кунад. Баъд аз мулоқот бо Антонис Самарас, нахуствазири Юнон дар шаҳри Афина, Хосе Мануэл Барросо гуфт, таъхир дар анҷоми ислоҳот бас аст ва Юнон бояд аз сухан ба амал гузарад. Давлати Юнон ваъда додааст, ки дар ивази кӯмаки молӣ аз Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи Байналмилалии Пул, хароҷоти давлатиро кам ва масъалаи сарпечӣ аз пардохти молиёт дар кишварро ҳал кунад. Сафари Барросо ба Афина ҳамроҳ бо сафари намояндагони Иттиҳодияи Аврупо, Сандуқи Байналмилалии Пул ва Бонки Марказии Аврупо сурат мегирад, ки маълум мекунанд, оё Юнон ба қадри кофӣ сарфаҷӯӣ кардааст, ки сазовори гирифтани кӯмаки навбатии молӣ бошад.