Тарҳи нави Паймони тиҷорати аслиҳа, ки байни аъзои СММ тавзеъ шудааст, дирӯз ҳудуди 80 кишварро дар эътилофе гирд овард, ки бо нашри як изҳорот ин тарҳро заиф номиданд. Аммо дар байни ин кишварҳои мунтақид ҳеҷ кадом аз 5 узви доимии Шӯрои Амният нест. Бо ин ҳол, гурӯҳҳое, чун Оксфам ва Афви байналмилалӣ дар як нома ба раисиҷумҳури Амрико Барак Обама хостори ба матни ин тарҳ шомил кардани муҳимот ва аз байн бурдани холигоҳҳои дигар шудаанд. Дабири кулли СММ Бан Ки Мун дар баёнияаш аз он изҳори нигаронӣ кард, ки то ҳол дар ин мавзӯъ “пешрафти ночизе” ба даст омадааст.Қарор аст, музокироти тарҳ дар СММ имрӯз такмил шавад.