Шаҳрдории Душанбе ба хотири назорат ба иҷрои қарораш дар мавриди танзими нарху навои бозорҳо дар моҳи Рамазон кумиссиюни вижае таъсис додааст. Тибқи қарори шаҳрдорӣ аз 9 июл, ба тоҷирон тавсия шудааст, ки дар моҳи Рамазон 1 кило гӯштро 29 сомонӣ, 1 халтаи ордро 110 ва 1 литр равғанро то 8 сомонӣ фурӯшанд. Сухангӯи шаҳрдорӣ Шавкат Саидов гуфт, иҷрои ин тавсия барои тамоми бозорҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, ҳатмист.