Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Набил: Як гурӯҳи ҷиноятпеша дар Афғонистон боздошт шуд


Раҳматулло Набил-раҳбари Раёсати амнияти миллии Афғонистон баъд аз дидор бо Президент Эмомалӣ Раҳмон дар дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт:

«Пас аз қазияи чанд рӯзи охири Бадахшони Тоҷикистон мо дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ якчанд ҷинояткореро, ки бо гурӯҳи ҷиноятпешаи ҷониби Тоҷикистон иртибот ва дар ноамнии Хоруғ даст доштаанд, дастгир кардем».

Ҳамчунин номбурда илова намуд, ки ҷониби Афғонистон тасмим гирифтааст, то барои ҳарчи зудтар ба эътидол даровардани вазъи шаҳри Хоруғ як ҳайати баландрутбаи худро дар шахси раиси бахши сарҳадот, раиси истихборот ва раиси як бахши дифои миллии Афғонистон ба макони ҳодисаи шаҳри Хоруғ фиристад. Дар ин бора забаргузории “Ховар” иттиолъ додааст
XS
SM
MD
LG