Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷӯстуҷӯи роҳҳои кӯмак ба муҳоҷирони кории тоҷику қирғиз


Бино ба хабари K.News-и Қирғизистон, 25 созмонҳои ғайридавлатӣ аз Қирғизистону Тоҷикистон барномаҳоеро барои ҳимояти муҳоҷирони кории Қирғизистон ва Тоҷикистон таҳия кардаанд.

Толекан Исмаилова-раиси созмони “Шаҳрвандон мухолифи ришвахорӣ” дар нишасте дар Бишкек гуфтааст, шумораи муҳоҷирони кории Қирғизистон ва Тоҷикистон сол то сол афзоиш меёбад ва онҳо ба ҳимояти ҳуқуқӣ ниёз доранд.

Бино ба маълумоти тақрибӣ, ҳоло аз Тоҷикистон ҳудуди як миллиону 300 ҳазор ва аз Қирғизистон тақрибан як миллион нафар дар Русия дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд.

Созмонҳои ғайридавлатии ду кишвар тасмим гирифтаанд, ки дар сабти номи муҳоҷирони корӣ дар кишвари муҳоҷират ва дар омӯзиши забон ва қонунҳо ба онҳо кӯмак хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG