Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси пешни Паштани Бонк 20 сол маҳкум ба зиндон шуд


Ҳайатулло Даёнӣ-раиси пешини Паштани Бонки ҳукумати Афғонистон 20 сол маҳкум ба зиндон шуд. Вай барои даст доштан дар фасоди молӣ муттаҳам дониста мешавад.

Дар давоми солҳои 2006 то 2008 бештар аз 26 миллион доллар аз ин бонк бедарак шудааст ва гуфта мешавад, ки вай дар дуздии ин маблағ шарик аст.

Мақомот мегӯянд, ки барои даст доштан дар ин кор 15 нафари дигар аз 5 то 8 сол маҳкум ба зиндон шудаанд. Бино ба гузоришҳо, баъзе кормандони пешини вазорати инкишофи шаҳрӣ низ боздошт шудаанд.

Се нафар аз Афғонистон фирор карданд ва дар ғиёбашон ҳукми додгоҳ содир шудааст.
XS
SM
MD
LG