Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ламбринидис масъули ҳуқуқи инсони ИА шуд


Раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Кетрин Эштон вазири собиқи хориҷаи Юнон Ставрос Ламбринидисро намояндаи вижаи ИА дар умури ҳуқуқи башар таъйин кард. Ин мақоми нав таъкиди бештар ба ҳуқуқи башар дар сиёсати хориҷии Иттиҳодияро ба ҳадаф дорад. Ламбринидис барои касби ин мақом бо Франсуа Зимерай – сафири ҳуқуқи инсони Фаронса ва Астрид Тҳорс, собиқи вазири умури аврупоии Финландия, рақобат мекард.
XS
SM
MD
LG