Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавлиди алюминий 4 фоиз коҳиш ёфтааст


Тавлиди алюминий дар Тоҷикистон дар нимаи аввали соли ҷорӣ 3,9 фоиз коҳиш ёфта, ҳамагӣ 145 000 тоннаро ташкил дод. Вазири иқтисод Шариф Раҳимзода гуфт, иллати чунин коҳиш барои чанд рӯз қатъ шудани воридоти газ аз Узбакистон дар моҳи апрел буд. Тоҷикистон соли гузашта 280 000 тонна алюминий тавлид карда, имсол қасд дорад, ин нишондиҳандаро ба 332 000 тонна бирасонад. Алюминийи аввалия, фаровардаи аслии ТАЛКО, умдатарин маҳсулоти содиротии Тоҷикистон аст.
XS
SM
MD
LG