Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як сокини Исфара ба рӯи қозӣ кислота пошидааст


Як сокини 70-солаи Исфара, ки чанд сол боз дар додгоҳ баҳси манзил дошт, ба рӯи қозии маҳаллӣ Абдуҳамид Давронов кислотаи сулфат пошидааст, ки дар натиҷа ин қозӣ аз як чашмаш маҳрум шудааст. Зайнобуддин Ҷӯраевро боздошт кардаанд. Вакили мудофеъ Файзиннисо Воҳидова гуфтааст, ин амали ба сари худ бесобиқа аломати нобоварӣ ба адолати додгоҳист ва навъе эътироз ба низоми додгоҳист, ки тайи қариб 9 сол ба мушкили ин мӯсафеди 70-сола натавонистааст расидагӣ кунад.
XS
SM
MD
LG