Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як фармондеҳи "Толибон" дар Вазиристони ҷанубӣ


Дар минтақаи Вазиристони ҷанубӣ, воқеъ дар ғарби Покистон, фармондеҳи толибони маҳаллӣ Мавлоно Ашраф Марват кушта шуд.

Ба иттилои полиси маҳаллӣ, ӯ яке аз созмондиҳандагони ҳамлаи террористии ду соли пеш дар минтқаи Лаккӣ Марват буд – он вақт ҳангоми қувваозмоиҳо оид ба волейбол бар асари таркиши мошини ҳомиди маводи тарканда тақрибан сад нафар ба ҳалокат расида буданд.

Мавлоно Марват ҳамчунин дар куштори чанд раҳбари мазҳабии минтақа ҳам гумонбар мешавад. Фармондеҳи аршади “Толибон” бо созмони “Таҳрики Толибони Покистон” робитаи мустақим дошт.
XS
SM
MD
LG