Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъхир дар чопи нашрияҳои мустақили Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ
Чопхонаҳои Душанбе бо баҳонаҳои фаннӣ аз нашри шумораи нави нашрияҳои мустақили сиёсӣ худдорӣ кардаанд. Ба гуфтаи сардабири як нашрияи мустақили чопи пойтахти Тоҷикистон, то соати 12 шаби сешанбеи 24 июл на “Нигоҳ”, на “Миллат” чоп нашуда буд. Чопхонаҳои хусусии “Интишор” ва “Оила” мушкилоти фанниро сабаби худдорӣ аз чопи ин нашрияҳо мегӯянд, вале ба гуфтаи мусоҳиби мо, далели аслӣ зоҳиран бозтоби густардаи ҳаводиси Бадахшон дар шумораи тозаи нашрияҳои мустақил аст. Як рӯз пеш Хадамоти алоқа дастрасӣ ба сомонаи интернетии “Азия Плюс”-ро ҳам масдуд кард, ки мояи интиқоди тунди намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот Дуня Миятович шуд.
XS
SM
MD
LG