Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Хоруғ амалиёти низомӣ идома дорад


Субҳи имрӯз дар яке аз қисматҳои шаҳри Хоруғ амалиёти низомии нируҳои давлатии Тоҷикистон барои боздошт ва нобудии гурӯҳи мусаллаҳи зери фармондеҳии Толиб Айёмбеков оғоз шуд. Ин гурӯҳ дар куштори генерали амният Абдулло Назаров гунаҳгор шинохта шудааст. Бино ба хабари манобеи ҳукуматӣ, шоми 21 июл ин гурӯҳ мошини хидматии Назаровро нигоҳ доштааст ва Назаровро аз мошини хидматиаш берун кашида ба қатл расондааст.

Дар бораи натиҷаҳои амалиёт ва афроди кушташуда дар он аз манобеи мухталиф хабарҳои зиддунақиз мерасад. Аммо манбеи расмии давлат ба Интерфакс гуфтаанд, ки шумораи кушташудагон аз ҷониби нируҳои давлатӣ 9 нафар ва шумораи афроди маҷрӯҳ 25 нафар будааст.

Бо вуҷуди ин хабарногори радиои Озодӣ аз Хоруғ ин шумораро таъйид накард ва гуфт, то ҳол шумораи дақиқи талафоти ҷонӣ аз ҳар ду тараф маълум нест.
XS
SM
MD
LG