Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи сешанбе ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин амалиёти Хоруғ алайҳи гурӯҳҳои худсари мусаллаҳ ҷузъу томҳои вазорати дифоъ ширкат надоранд.
Вай афзуд, ки вале вазорати дифоъ дар ҳоли омодабош қарор дорад ва ҷузъутомҳои ин вазорат дар Бадахшон манотиқи марзии кишвар бо Афғонистонро таҳти назорат доранд, ки бо истифода аз ин вазъият гурӯҳҳои харобкор аз он сӯи марз ворид нашаванд.
Фаридун Маҳмадалиев дар робита ба амалиёти Хоруғ гуфт, ки хабарҳои расмӣ дар даст надорад, вале иттилоъоти ғайрирасмӣ нишон медиҳад, ки амалиёт бо шиддат идома дорад.
Дар ҳаин ҳол як манбаъи наздик ба вазорати дифои Тоҷикистон гуфт, ки ниҳодҳои қудрати дар нимаи дуввуми ҳамин рӯз Боқири Боқир яке аз сараврони дигари ба қавли ин манбаъ «ошубгар»ро боздошт кардаанд.
Аммо манобеи расмии ниҳодҳои амниятии кишвар ҳануз ин хаббро тасдиқ накардаанд.