Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Хоруғ нируҳои давлатӣ низ талафоти ҷонӣ додаанд


Тибқи хабари ИТАР-ТАСС-и Русия нируҳои ҳукуматии Тоҷикистон дар ҷараёни амалиёти боздошти гурӯҳи Толиб Айёмбеков дар шаҳри Хоруғ 9 нафар кормандони нируҳои ҳукуматии Тоҷикистон низ кушта ва 25 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Шумораи кушташудагон аз ҷониби гурӯҳи мусаллаҳи саркаш номаълум боқӣ мемонад. Вале вазорати дохилаи Тоҷикистон таъйид кард, ки писари Айёмбеков кушта шудааст.

Дар ин амалиёт нируҳои давлатӣ низ чанд нафар аз аъзои гурӯҳи Айёмбековро ба қатл расондаанд. Коршиносон мегӯяд, шумораи тақрибаии гурӯҳҳои мусаллаҳи саркаш дар Бадахшон ҳудуди 200 нафарро ташкил медиҳад ва аксари онҳо дар манотиқи марзӣ бо Афғонистон ҷой гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG