Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 100 кушта дар ҳамлаҳо болои 13 шаҳри Ироқ


Макони бомбгузорӣ дар шаҳри Тоҷии Ироқ
Макони бомбгузорӣ дар шаҳри Тоҷии Ироқ
Мансабдорони ироқӣ мегӯянд, бар асари тирпаррониву бомбгузориҳо дар Бағдод ва шимоли пойтахти Ироқ беш аз 100 кас ба ҳалокат расиданд. Дар натиҷаи ҳамла болои пойгоҳи низомӣ дар шаҳри Тоҷӣ камаш 40 кас ҳалок шуданд. Ҳамчунон бомбгузориҳо дар шаҳрҳои Саъдия, Хон Бени Саъд, Киркук, Туз Ҳурмату ва Дибис ба қайд гирифта шудаанд. Мансабдорони ироқӣ меафзоянд, ки ҳамагӣ 21 ҳамла дар 13 шаҳри ин кишвар ба вуқӯъ пайваст. Тахмин мешавад, ки масъулияти ин ҳамлаҳо бар дӯши шабакаи террористии ал-Қоида аст.
XS
SM
MD
LG