Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Италия осоишгоҳҳои Қафқози Шимолиро обод мекунад


Ширкати сохтмонии Ритсани де Эшнери Италия (Rizzani de Eccher) мувофиқат кардааст, ки барои рушди туризм дар минтақаи ноороми Қафқози Шимолии Русия 1 миллиард евро сармоягузорӣ намояд. Ин созиш аснои зиёрати дурӯзаи сарвазири Италия Марио Монтӣ аз Русия ба имзо расид. Бар пояи ин созиш Италия тасмим гирифааст дар бунёди осоишгоҳҳои соҳилӣ ва лижаронӣ дар Осетияи Шимолӣ, Доғистон, Краснодар ва ҷумҳурии Адигеяи Русия ширкат варзад. Ба навиштаи хабаргузории Интерфакс соли 20011-ум ширкати “Осоишгоҳҳои Қафқози Шимолӣ” бо ширкатҳои русӣ ва хориҷӣ ба маблағи 6 миллиард доллар созишҳои сармоягузорӣ ба имзо расондааст.
XS
SM
MD
LG