Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобулу Исломобод Душанберо шарики тиҷоратӣ медонанд


Покистону Афғонистон Тоҷикистонро шарики тиҷоратии худ медонанд.

Ба навиштаи рӯзномаи англисизабони “The News”, чопи Исломобод, Покистон ва Афғонистон дар музокироти рӯзи панҷшанбеи худ ба тавофуқ расидаанд, ки доираи тиҷорати транзитии минтақаро тавсеа диҳанд ва ба ин доира Тоҷикистонро низ ворид кунанд.

“The News” дар шумораи рӯзи 21-уми июли худ дар ин робита навиштааст, ки Кобулу Исломобод дар ин бора ҳамзамон эъломия пахш кардаанд.

Нахуствазири Покистон Раҷо Парвиз Ашраф ва Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон дар мулоқоти худ ҳамчунин бар аҳамияти ташкили ҳар чӣ зудтари тарҳи лулаи гази Туркманистон-Афғонистон-Покистон-Ҳиндустон таъкид кардаанд.

Нахуствазири Покистон Раҷо Парвиз Ашраф ва Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон дар мулоқоти рӯзи панҷшанбеи худ дар Кобул гуфтаанд, ки тарҳи CASA-1000 низ барои интиқоли неруи барқи Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон ҳамкориҳоро беҳбуд мебахшад.

Хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқ мавсум ба CASA-1000 аз тарҳҳои бузурги минтақавист, ки умдатан интиқоли барқи нерӯгоҳҳои "Қамбарота"-и Қирғизистон ва "Роғун"-и Тоҷикистон ба Афғонистон ва Покистонро дар назар дорад.

Гуфта мешавад барои иҷрои ин тарҳ, ки нерӯи барқи Тоҷикистону Қирғизистонро ба Афғонистону Покистон интиқол хоҳад дод, беш аз 950 миллион доллар зарур аст, ки 251 миллионаш барои сохтани як қисмати ин хатти барқ ва зеристгоҳҳояш дар ҳудуди Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Парлумони Тоҷикистон ҳанӯз дар оғози моҳи январи соли 2010 созишномаи Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон ва Қирғизистонро дар бораи бунёди хатти баландшиддати интиқоли барқи "CASA-1000"-ро тасвиб карда буд.

Вале бархе аз соҳибназарони тоҷик мегӯянд, Тоҷикистон, ки худ ба камбуди барқ рӯбарӯст, танҳо дар сурати сохтани нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" метавонад ба Покистону Афғонистон барқи бештар интиқол бидиҳад. Дар ҳоле, ки сарнавишти ин нерӯгоҳи азим норӯшан боқӣ мондааст ва Бонки Ҷаҳонӣ низ ташхиси ниҳоии тарҳи "Роғун"-ро то ҳол эълон накардааст.
XS
SM
MD
LG