Бино ба як таҳқиқот, афроди сарватманди дунё 21 триллион доллар дороии худро ба хотири напардохтани молиёт дар минтақаҳои оффшор пинҳон кардаанд. Ин маблағ муодили маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Амрикову Ҷопон будааст. Гузориши Шабакаи адолати молиётӣ бар пояи омори Бонки ҳисобҳои байналмилалӣ ва Сандуқи байналмилалии пул таҳия шуда, муаллифаш Ҷеймс Ҳенрӣ гуфт, маблағи зикршуда тахминист. Шабакаи адолати молиётӣ барои шаффофияти андоз ва алайҳи паноҳгоҳҳои молиётӣ мубориза мебарад.