Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил гузориши "Sunday Times"-ро рад кард


Эҳуд Барак, вазири дифоъи Исроил гузоришҳо дар бораи фиристодани маъмурони амниятии изофӣ ба бозиҳои олимпӣ дар Ланданро рад кард. Рӯзномаи "Sunday Times" аз ин пеш навишт, ки Исроил аз бими ҳадаф қарор гирифтани варзишгаронаш дар Ландан ба ин шаҳр маъмурони амниятии изофӣ фиристодааст. Ба навиштаи ин рӯзномаи бритониёӣ,ба эътиқоди Исроил ҳамла ба саёҳони исроилӣ дар Булғористон дар ин ҳафта мумкин аст, аломати ҳамлаҳои васеътар дар Лондон бошад, аз ин рӯ он Исроил ҷосусони худро ба гӯшаҳои мухталифи Аврупо фиристодааст. Эҳуд Барак гуфт, ҳеҷ чизе баъди ҳамла дар Булғористон иваз нашудааст ва кишвараш аз назари амниятӣ омодаи бозиҳои Ландан буд. Чиҳил соли пеш террористони фаластинӣ дар бозиҳои олимпии шаҳри Мюнхен дар соли 1972 ёздаҳ исроилиро кушта буданд.
XS
SM
MD
LG