Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии «Равшан» бар “Вахш” ва ССКА “Помир” бар “Гвардия”


Бозӣ миёни дастаҳои "Вахш" ва "Равшан".
Бозӣ миёни дастаҳои "Вахш" ва "Равшан".

Ду бозии мавқуфгузоштаи мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон шоми 21-уми июл поён ёфт.

Бозии мавқуфмондаи даври 11-уми мусобиқот миёни дастаҳои «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва «Равшан»-и Кӯлоб, ки дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и маркази вилояти Хатлон баргузор шуд, бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи меҳмонон анҷом ёфт. Голро ҳамлагари «Равшан” Нӯъмон Ҳакимов дар дақиқаи 90-ум аз пеналтӣ ба ҳадаф расонд.

Ба ҳавои тафсон нигоҳ накарда бозӣ хеле пуршиддат сурат гирифт. Ҳарду даста вазъиятҳои хуби голзанӣ доштанд, вале аз онҳо истифода карда натавонистанд. Бахусус дар нимаи дувуми дидор ҳамлагари “Равшан” Течи Соломон, легионери африқоӣ, ва капитани даста Сафар Каримов чанд бор бо дарвозабони “Вахш” як ба як баромаданд, вале маҳорати баланди Умед Давлатов ба онҳо имкон надод, ки тӯбро вориди дарвоза намоянд. Дар дақиқаи 72-юм баъди зарбаи Ҷамолиддин Зардиев, нимҳимоятгари “Вахш”, тӯб ба тири дарвоза бархӯрд.

Дар ин бозӣ сардовар Рустам Холов (аз шаҳри Душанбе) бозигари ҷавони дастаи “Вахш” Беҳрӯз Ниёзовро барои ду корти зард дар дақиқаи 86-ум аз майдон хориҷ кард. Вале ба ҳамлагари “Равшан” Течи Соломон, ки дар ҷараёни бозӣ ду бор (дар дақиқаҳои 23-юм ва 78-ум) корти зард гирифт, нишон додани корти сурхро фаромӯш намуд.

Сафар Каримов, нозири ин бозӣ аз шаҳри Норак, ба “Озодӣ” гуфт, “барои ин хатои дағал бояд сардовар муҷозот шавад ва ин масъала дар комиссияи доварону мушовирони Федератсияи футболи Тоҷикистон баррасӣ хоҳад шуд. Инчунин Течи Соломон низ бар асоси регламент ё дастури чемпионати Тоҷикистон аз як бозӣ маҳрум ва ҷарима карда мешавад.”

Ҷаноби Каримов, инчунин, иброз дошт, ки дар чунин ҳавои тафсон (ҳарорати ҳаво дар Қӯрғонтеппа ҳангоми ин бозӣ беш аз 40 дараҷа гарм буд) бозӣ кардан барои футболбозон ниҳоят душвор буд. Ӯ афзуд, “хуб мебуд, бо тасмими Федератсияи футболи кишвар дар мавриди баргузор шудани бозиҳо дар ҳавои тафсон дар нимаи ҳарду қисми бозӣ як дақиқа танаффус эълон мешуд, то ки бозигарон дар майдон каме ташнагиашонро мешикастанд ва худро бо об каме салқин мекарданд.”

Чунин пешниҳодро ҳамсӯҳбатҳои дигари мо – футболбозону мураббиён, мутахассисону мухлисони футбол дастгирӣ карданд ва умедворем, ки масъулини Федератсияи футболи Тоҷикистон сари ин масъала андеша мекунанд. Зеро се бозии мавқуфгузоштаи мусобиқоти қаҳрамонии кишвар рӯзҳои 25-ум ва 28-уми июл баргузор мешаванд ва дар назар аст, ки ҳарорати ҳаво хеле гарм хоҳад шуд.

Дар воқеъ, банда шоҳиди он будам, ки дар бозии ниҳоии Олимпиадаи Пекин 23-юми августи соли 2008-ум дар Варзишгоҳи миллии пойтахти Чин ба иллати ҳарорати баланди ҳаво ба ғайр аз танаффуси маъмулӣ баъди анҷоми нимаи аввали бозӣ, инчунин, ду бор дар нимаи ҳарду қисми бозӣ як дақиқа танаффус эълон шуд ва футболбозон дар майдон бо об ташнагиашонро шикастанд ва худро каме салқин намуданд.

Баъди анҷоми бозии “Вахш” - “Равшан” нишасти матбуотӣ баргузор шуд. Нахуст Маъруф Рустамов, сармураббии дастаи “Равшан”, ба хабарнигорон дар бораи ин бозӣ ибрози назар кард. Вай гуфт, “ҳарду даста пурқувватанд ва бозии хуб нишон доданд. Ҳам дастаи мо ва ҳам дастаи “Вахш” вазъиятҳои хуби голзанӣ доштанд, вале аз онҳо истифода карда натавонистанд. Аз натиҷаи бозӣ розиам, вале аз худи бозӣ қаноатманд нестам. Зеро он хеле ки мехостем, дастаи мо ҳамон хел бозӣ накард. Бозигароне, ки дина рӯзадор буданд, имрӯз рӯза нагирифтанд, барои он ки дар чунин ҳавои тафсон бозӣ кардан ниҳоят мушкил аст. Фардо боз рӯза мегиранд. Умуман, мо аз натиҷаи ба даст овардаи дастаамон дар давраи аввали чемпионат қаноатмандем. Дастаи “Равшан” дар таърихи худ ягон бор чемпион нашудааст ва мақсади мо имсол ба даст овардани унвони қаҳрамони футболи Тоҷикистон мебошад.”

Мураббиёни дастаҳои "Вахш" ва "Равшан" ҳини нишасти матбуотӣ.
Мураббиёни дастаҳои "Вахш" ва "Равшан" ҳини нишасти матбуотӣ.
Баъдан Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии дастаи “Вахш”, ба хабарнигорон гуфт, “бозӣ хеле шавқовар гузашт. Ҳарду даста нағз ҳаракат мекарданд. Дастаи мо дар нимаи аввал хуб бозӣ кард, вале дар охири нимаи дувум қувваашон нарасид, зеро ин чанд бозиест, ки мо паиҳам мегузаронем ва дар дақиқаҳои охир ба дарвозаи мо аз пеналтӣ гол зада шуд. Бисёр бозигарони мо, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё ширкат карда буданд, хаста шудаанд. Дар бозии имрӯза барои он ки ҳарорати ҳаво хеле баланд буд, футболбозони мо рӯзадор набуданд. Онҳое, ки рӯза мегиранд, минбаъд ин рӯзро ҷуброн хоҳанд кард. Боз ду бозии мавқуфгузошта дорем ва мекӯшем, ки хуб бозӣ карда, хотири мухлисонамонро шод гардонем.”


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00
Линки мустақим


Пеш аз бозии “Вахш” ва “Равшан” дар ҳузури 5 ҳазор мухлис ба Олимҷон Неъматов, Мураббии шоистаи Тоҷикистон, мушовири дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, ки 60-сола шуд, барои хидматҳои арзандааш дар рушди футболи тоҷик Ифтихорномаи Федератсияи футболи Тоҷикистон ва мукофоти пулӣ ба маблағи 3 ҳазор сомонӣ супурда шуд. Мукофотҳоро ба соҳибҷашн Шарифхон Самиев, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа ва Исроил Шарифов, раиси бошгоҳи футболи “Вахш” ва узви кумитаи иҷроияи ФФТ, тақдим карданд.

Бояд гуфт, ки Олимҷон Неъматов дар дастаи “Вахш” солҳои тӯлонӣ аввал футболбоз, баъдан мураббӣ ва сардори даста буд. Ӯ дастпарвари Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон мебошад ва панҷ сол (1970-1974) дар дастаи СКИФ (Бошгоҳи варзишии Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ) бозӣ кардааст.

Бозии мавқуфмондаи даври 12-уми мусобиқот миёни ду тими Душанбе - «Гвардия» ва ССКА «Помир» дар варзишгоҳи Бошгоҳи марказии варзишии артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон барпо гардид. Дар ин бозӣ низ голи аз ҷаримаи ёздаҳметра дар дақиқаи 48-ум задаи нимҳимоятгар Азимҷон Юнусзода бозиро бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи ССКА «Помир” ҳал кард.

Ҳамин тариқ, то имрӯз ҳашт даста – "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода, “Равшан”-и Кӯлоб, “Истиқлол”-и Душанбе, “Хайр”-и Ваҳдат, "Хуҷанд"-и Хуҷанд, “Истаравшан”-и Истаравшан, "Ҳосилот"-и Фархор ва "Зарафшон"-и Панҷакент бозиҳои давраи аввали мусобиқотро ба анҷом расониданд.

Сарфи назар аз натоиҷи се бозии мавқуфгузошта дастаи "Регар-ТадАЗ" бо 32 имтиёз ғолиби давраи аввал гардид. Дастаи "Равшан"-и Кӯлоб бо 31 имтиёз мақоми дувумро касб кард. Дастаи "Истиқлол" бо 26 имтиёз дар ҷойи севум қарор гирифт.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. "Регар-ТадАЗ" 12 10 2 0 33-9 32
2. "Равшан" 12 10 1 1 18-5 31
3. стиқлол" 12 8 2 2 28-8 26
4. "Хайр" 12 6 3 3 21-18 21
5. “Парвоз” 11 5 1 5 27-18 16
6. “Хуҷанд” 12 5 1 6 18-18 16
7. ССКА“Помир” 11 4 3 4 11-44 15
8. "Истаравшан" 12 4 2 6 18-24 14
9. "Вахш” 10 4 1 5 12-7 13
10. Энергетик 11 3 4 4 17-16 13
11. "Ҳосилот” 12 2 1 9 12-31 7
12. “Зарафшон” 12 1 3 8 14-37 6
13. "Гвардия” 11 1 0 10 7-31 3

Нишонзанҳои беҳтарин:Дилшод Восиев (“Истиқлол”) -10 гол, Асадулло Бобоҷонов ("Парвоз") - 9 гол, Габриэл Донто (“Энергетик”), Мансур Ҳакимов (“Парвоз”) - 8-голӣ, Аҳтам Ҳамроқулов (“Регар-ТадАЗ”), Индус Ҳусейнзода ("Хуҷанд") - 7-голӣ.

Тақвими бозиҳои мавқуфгузошта

25-уми июл, чоршанбе
Бозии даври 12-ум

«Энергетик» - «Вахш»

Бозии даври 13-ум
ССКА «Помир» - «Парвоз»

28-уми июл, шанбе
Бозии даври 13-ум

«Вахш» - «Гвардия»

Оғози бозиҳо – соати 17:30
XS
SM
MD
LG