Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беҳрӯз Зеваров ва "Асрори шоу-бизнеси тоҷик"


Беҳрӯз Зеваров
Беҳрӯз Зеваров

Ин ҳафта Беҳрӯз Зеваров бо эълони нашри китобаш «Асрори шоу-бизнеси тоҷик» ба яке аз симоҳои рӯзи Фейсбуки тоҷикӣ табдил ёфт.

Дар муқоваи китоб акси худи Беҳрӯз чоп шудааст, ки гӯшаи пардаеро мебардорад ва дар паси он машҳуртарин овозхонони тоҷик истодаанд.

Вай мегӯяд: «Дар китобам дар бораи нозукиҳои шоу-бизнеси Тоҷикистон навиштаам, аз ҷумла барои «ситора» шудан чӣ кор бояд кард, нақши продюссер дар ин марҳала чӣ аст. Дигар дар бораи сирри муваффақиятҳои овозхонҳои Тоҷикистон, аз қабили Шабнамиу Сурайёву Ҷонибеки Муроду Фирӯза Ҳафизоваву Диловар Сафаров ва дигарон навиштаам, ки чӣ тавр муваффақ шудаанд».

Дар бораи нозукиҳо ва асрори шоу - бизнеси тоҷик Беҳрӯз Зеваров бештар ба таҷрибаи худ такя карда, асосан кӯшидааст бар пояи сӯҳбатҳо бо овозхонони маъруф ва ҳамкори худ мавзӯъро ҳал кунад. Дар сӯҳбат бо мо чанд тан, ки «Асрори шоу-бизнеси тоҷик» -ро хонда будаанд, китобро кӯшиши хуб, аммо ҳанӯз нокомил унвон карданд.

Толиб Норов
Толиб Норов
Толиб Норов, продюссер ва мутахассиси пешбари Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, Беҳрӯз беш аз ин коре карда наметавонист: «Дар Тоҷикистон шоу - бизнес нав пайдо шуда истодааст ва қадамҳои аввали худро гузошта истодааст. Ҳар чӣ он кас навиштанд, ки низ қадамҳои аввал ҳастанд. Касе ҳастанд, ки ин корро карданд. Он чӣ диданду фаҳмиданду дарк карданд, ҳамонро навиштанд».

Онҳое, ки Беҳрӯзро мешиносанд, сину соли ӯро тақрибан 30 тахмин заданд. Ҳангоми сӯҳбат низ мо ӯро як ҷавони воқеан орому солор ва ба истилоҳ, бар худ мусаллат дарёфтем. Аввалин нуктае, ки махсус ба таври истисноӣ дар бораи худ ба «Озодӣ» гуфт, синну солаш буд. Маълум шуд, ки ӯ 23 – сол доштаст. Аммо дар ин син ӯ директор, мудири кул ва муассис дар се ширкат аст.

Беҳрӯз Зеваров ва "Асрори шоу-бизнеси тоҷик"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:34 0:00


Ӯ ҳанӯз дар синни 15 литсейи президентиро бо баҳои аъло хатм кард, аммо дар 14 - солагӣ сардабири ҳафтаномаи тафреҳӣ ба номи «Дилкушо» буд. Беҳрӯз мегӯяд, аз хурдӣ раҳбариро дӯст медошт. Дар 18 -солагӣ, ки донишҷӯи соли чоруми Донишгоҳи техникӣ буд, раҳбарии ширкати байнулмилалии «Видео Интернешнл Тоҷикистон»-ро ба зимма дошт, ки ба хадамоти реклом дар расонаҳои Тоҷикистон машғул буд.

Соли 2010 «Видеоинтернешнл» барҳам хӯрд ва Беҳрӯз як сол пас ба он монанд ширкатеро таҳти унвони «Топмедиа» ба роҳ монд, ки то ба ҳол фаъол аст ва барои ширкатҳои маъруфе ба монанди «Сомон эйр», «Бохтариён», «Грин Гейт», «Багозза Милано» ва "Имон-Интернешнл" реклом месозад. Аммо то ин замон як ширкатеро таҳти унвони «Зара» таъсис дода буд, ки ба ҷаҳонгардии кӯдакона дар дохилу хориҷ машғул аст ва бо Чин, Туркия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Аврупо ва Узбакистон робита дорад. Ҳамчунин Беҳрӯз ду сомона - topvideo.tj ва topstar.tj-ро роҳандозӣ кардааст ва рӯзона то, 5 ҳазор нафар ворид мешаванд.

Хуллас, Беҳрӯз аз нафаронест, ки синну сол барои тарҷумаи ҳол мушкил эҷод намекунад. Зиндагиномаи кӯтоҳи ӯ бою рангин аст, аммо дар посух ба суоли мо «оё бо синну соли худат зиндагӣ мекунӣ?», Беҳрӯз чунин посух гуфт: «Ростӣ, ҳамин як чизе, ки ман ҳис накардам, ҷавониам буд. Баҳои аъло гирам гуфта, меомӯхтам. Падару модарам омӯзгор буданд. Зарурат ба пул ва ҳам таҷриба буд. Аз 14 – солагӣ кор мекардам. Барои ҷӯраҳоям вақт надоштам. Ҳоло агар пурсанд, ки ҷӯра дорам, ҷавобам манфист. Шиносҳоям ҳастанд».

Беҳрӯз бар ин аст, ки инсон бо инсон ё дӯст мешавад ё шарики тиҷорӣ. Роҳи дигар нест, зеро ӯ ҳамеша аз дӯстии омехта бо тиҷорат шаллоқ хӯрдааст.

Як нафаре, ки замоне бо Беҳрӯз ошноӣ доштааст, бидуни овардани ном, ӯро як ҷавони калонгапу хурдкор унвон кард. Мегӯяд, ӯ зиёд даъвову вонамуд мекунад, ки як шахси ҷиддист, аммо дар асл ин тавр нест.

Ҳамза Сиддиқ, пизишкест, ки як сол ба ин сӯ бо Беҳрӯз рӯи тарҳи ҷаҳонгардии тиббӣ кор мекунад ва раҳбарии ширкати «Зара»-ро ба зимма дорад. Вай мегӯяд, тайи се соли мавҷудияти ширкат, даҳҳо ширкати дигари ҷаҳонгардӣ пайдо шудаву суқут кардаанд. Вай афзуд: «Аҳдофе, ки ин ҷавон пеш мегузорад, дар баробари аҳдофе, ки ҳамсолони ӯ мегузоранд, бигзор касе хафа нашавад. аслан қиёснашавандаанд. Ҳадафҳо воло, дарозмуддат ва шабу рӯз барояшон кор мекунад».

Беҳрӯз мегӯяд, дар ширкатҳояш тақрибан 20 нафар кор мекунанд, фоидаҳои ҳангуфт ҳам ҳоло дар даст надорад ва ҳар чӣ ба каф омад, барои тавсиаи фаъолият харҷ мешаванд. Ҳамсӯҳбатони ман мегӯянд, ширкатҳои Беҳрӯз хеле ҷавонанд, аммо он чӣ ӯ дар шоу – бизнес мекунад, тамоман дигар аст. Дар ҳоли ҳозир Беҳрӯз Зеваров барои продюссерӣ бо 7 «ситораи» санъати тоҷик, аз ҷумла Афзалшоҳ Шодиев, Фирӯза Ҳафизова, Парвин Юсуфӣ ва дигарон ҳамкорӣ мекунад.

Афзалшоҳ Шодиев
Афзалшоҳ Шодиев
Афзалшоҳ Шодиев ба далели масруфият натавонист бо мо сӯҳбат кунад, аммо Парвин Юсуфӣ, овозхоне, ки қариб 20 сол ба ин сӯ дар саҳна аст, ба мо гуфт, ки дар гузашта продюссер надошт, аммо дар замони имрӯз зарурат ба ҳамчунин як нафар барои муаррифии корҳои як овозхон вуҷуд дорад: «Бо Беҳрӯз Зеваров ман албоми нави худро баровардам, ки се сол ба ин сӯ омода буд, аммо ба далели маризӣ ва баъзе масруфиятҳои оилавӣ барои нашраш даст намерасид. Бо кӯмаки ӯ дар озмуни ҷази Осиёи Марказӣ дар Бишкек ширкат кардем ва гурӯҳи мо ҷои якумро бо як гурӯҳи хориҷӣ тақсим кард».

Дар фаъолиятҳои Беҳрӯз Зеварову шӯҳраташ нақши Ҷонибек Муродов дигар аст. Маҳз ӯ намунаи «тоб» додани як овозхон ба шоу-бизнес ба шумор меояд. Имрӯз Ҷонибек аз рӯи тамоми санъати таблиғи муоссир дар Русияву Аврупо ва Амрико таблиғ мешавад. Дар чорабиниҳои ситораҳои минтақаву собиқ Шӯравӣ ӯ Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад.

Ахиран дар албоми «Союз-48», ки ним аср ба ин сӯ беҳтарин таронаҳои собиқ Шӯравиро ҳамасола ҷамъ меорад, таронаи ӯ ҷой гирифт. Беҳрӯз мегӯяд, ин хизмати тими ширкати «ҶМ» аст, аммо овозхонон мехоҳанд, бо Беҳрӯз Зеваров кор кунанд, зеро ба ӯ эътимод мекунанд, ҳамчун ба як продюссер.
XS
SM
MD
LG